22 феврал Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Хорватия дар Тоҷикистон Рефик Шабанович мулоқот кард.
Раиси Маҷлиси намояндагон Рефик Шабановичро ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифа табрик намуда, иброз дошта, умедворӣ кардааст, ки фаъолияти ӯ ба симмати Сафир дар Тоҷикистон баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар хидмат хоҳад кард:
“Тоҷикистон ба масъалаи барқарор ва рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аврупоӣ, ки давлати Хорватия дар байни онҳо мақоми хосса дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”, – изҳор доштааст Зокирзода.
Ҳамчунин таъкид карда шудааст, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати дорои манфиатҳои муштарак, аз ҷумла муштараки сиёсӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд.
Маҳмадтоир Зокирзода гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон бар он ақида аст, ки иқтидори бузурги ҳамгироии иқтисодие, ки Иттиҳоди Аврупо дорост, имкон медиҳад, то дар ин самт фаъолиятамонро ба ҳайси яке аз ҳадафҳои асосии минбаъдаи худ муайян намуда, ба пешбурди робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ такони тоза бахшем:
“Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳарду кишвар ва ҳам аз ҳамкории афзалиятноки мо бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд”, — гуфта шудааст дар мулоқот.
Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор доштааст, ки ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парламенти Хорватия (Хорватский сабор) дар ҳоли таъсис қарор дорад ва баъди тасдиқ ёфтани ин гурӯҳи байнипарламентӣ ҳамкорони хорватии мо огоҳ карда мешаванд.
Дар мулоқот ҳамчунин аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.