1 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ баргузор гардид.
Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷӣ, дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, бахусус таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, қонунгузорӣ ва табодули таҷриба сурат гирифт.
Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ аз тариқи гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузории барои халқу кишварҳоямон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил шудааст.
Изҳори умедворӣ шудааст, ки ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарламентӣ гурӯҳи дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парламентҳои ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақаӣ таъмин намояд. Ҳамчунин зикр гардидааст, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.
Ҷонибҳо изҳор кардаанд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шудааст, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии пандемия Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд:
“Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи мустаҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад”, — гуфта шудааст дар мулоқот.
Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад.
Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва байнипарламентии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардаанд.