Ширкатҳои бузурги паймонкори Пентагон монанди Локҳид Мартин ва Нортруп Грумман миллиардҳо доллар ба арзиши бозории худ афзуданд.
Ҳазинаҳои иқтисодии тасмими Иёлоти Муттаҳида ва Исроил барои оғози ҷанг бо Эрон, пешопеш дар саросари иқтисоди ҷаҳонӣ эҳсос шудааст. Қимати нафт боло рафта, бозори саҳом суқут кардааст ва нархҳои қарзи манзил дар Амрико башиддат афзоиш ёфтааст, ки хариди хонаро барои амрикоиҳо гаронтар сохтааст. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки назарсанҷиҳои умумӣ нишон додаанд аксарияти мардуми Амрико бо ҷанги Эрон таҳти раҳбарии Трамп мухолиф ҳастанд.
Бо ин ҳол, як бахш ба таври қобили мулоҳиза аз ин ҷанги вайронгар суд бурдааст: паймонкорони Пентагон. Саҳоми таъминкунандагони силоҳ ба таври умум рӯзи душанбе 1.5% афзоиш ёфт, аммо бузургтарин паймонкорон ва онҳое, ки бештар дар ин ҷанг саҳм доштанд, шоҳиди болоравии бештар дар қимати саҳоми худ буданд.
Локҳид Мартин — бузургтарин паймонкори Пентагон, ки ба таври мунтазам бештар аз тамоми вазорати умури хориҷии Амрико буҷа дарёфт мекунад — қимати саҳомаш рӯзи душанбе 3.4% боло рафт. Аз оғози 2026, қимати саҳоми Локҳид тақрибан 40% рушд кардааст, зеро танишҳо миёни Амрико ва Эрон афзоиш ёфта буд. Локҳид низоми THAAD-ро тавлид мекунад, ки барои раҳгирии мушакҳои эронӣ истифода шудааст. Дар моҳи январ, ин ширкат қарордоде бо Пентагон имзо кард то тавлиди раҳгирҳои THAAD-ро аз 96 ба 400 дар сол чаҳор баробар кунад, ки ҳар кадом 12.77 миллион доллар ҳазина дорад.
Ширкати RTX (қаблан Raytheon) дар аввалин рӯзи муомилот пас аз оғози ҷанги Эрон, саҳомаш 4.7% афзоиш ёфт. RTX низомҳои радарӣ ва заминии Патриотро тавлид мекунад (Локҳид мушакҳои 4-миллиондолларии Патриотро месозад), ки дар ин ҷанг ба таври густарда истифода шудаанд ва ҳар мушак танҳо ҳудуди 250 ҳазор доллар ҳазина дорад. Гоҳе чандин мушаки Патриот барои раҳгирии як мушаки эронӣ истифода мешавад. Масалан, гуфта шудааст, ки 11 мушаки Патриот барои раҳгирии танҳо як мушаки эронӣ ба кор рафтааст.
Аз байни ҳамаи паймонкорони бузурги Пентагон, Боинг камтарин афзоиши саҳомро дошт ва танҳо 1% рушд кард. Ин рушд, ҳарчанд қобили таваҷҷӯҳ аст, то ҳадде ба ин далел аст, ки ин ширкат танҳо паймонкори бузурги Пентагон аст, ки бештари даромадаш аз Вазорати дифоъ ҳосил намешавад. Бо ин ҳол, Боинг ҷангандаҳои F-15 EX-ро тавлид мекунад, ки се фарванд аз он пас аз ҳамлаи тасодуфии низоми дифои ҳавоии Кувайт суқут карданд. Танҳо ҳазинаи ин се ҷанганда ҳудуди 300 миллион доллар буд.
Бузургтарин баранда дар Волл-Стрит дирӯз, Нортруп Грумман буд, ки қимати саҳомаш 6% боло рафт ва арзиши бозории ширкатро танҳо дар як рӯз миллиардҳо доллар афзоиш дод. Бомбафканҳои пинҳонкори B-2 Нортруп дар ҳамалоти ахир алайҳи Эрон ва ҳамчунин ҳамалоти шаш моҳ пеш истифода шуданд. Ҳазинаи хариди ҳар фарванд B-2 барои молиётдиҳандагон ҳудуди 2 миллиард доллар буд ва парвози он беш аз 150 ҳазор доллар дар як соат масраф дошт.
Ширкатҳои силоҳсозии Амрико танҳо касоне набуданд, ки аз ин ҷанг суд бурданд; ширкатҳои дифоии аврупоӣ монанди BAE Systems, Saab ва Thales низ арзиши бозории худро афзоиш додаанд.
Барои сармоягузорон ва таҳлилгарони бозор, ин амр комилан пешбинӣ шуда буд. Шохиси сандуқи сармоягузории ҷаҳонии бахши дифоӣ ба номи “War” (Ҷанг) мавҷуд аст.
Ҷонатан Зигман, таҳлилгари бозор дар ширкати Stifel, ба муштариёни худ рӯзи душанбе ба таври мухтасар тавзеҳ дод: “Ҳазинаҳои дифоӣ дар соли 2026 қарор буд афзоиш ёбад ва ҷанги тӯлонӣ бо Эрон ин ҳазинаҳоро фаврӣ ва камтар баҳсбарангез хоҳад кард.”
Ширкати MarketWatch низ ҷамъбандӣ кард: “Ҷанг метавонад барои тиҷорат хуб бошад.”
Бузургтарин таҳдид барои сармоягузорони ин ширкатҳо? Сулҳ. Вақте музокироти сулҳ дар тӯли ҷангҳои тӯлонӣ оғоз мешавад, сармоягузорон саҳоми ширкатҳои дифоиро мефурӯшанд, ҳамон тавре ки охири соли гузашта ҳангоми музокироти сулҳи Русия, Украина ва Амрико анҷом шуд. Аммо таҳлилгарон муътақиданд, ки дар ҷанги феълӣ бо Эрон, таҳдиди фаврӣ барои сулҳ вуҷуд надорад. Зигман рӯзи душанбе гуфт: «Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Амрико бузургтарин маҷмӯаи дороиҳои низомии худро аз замони таҳоҷуми 2003 ба Ироқ гирдоварӣ кардааст, интизор дорем ин ҷанг, мутаассифона, тӯлонитар ва хушунатомезтар аз ончи дар солҳои ахир дидаем, бошад.”
Ба таври хулоса, дар ҳоле ки беш аз 100 кӯдак дар ҳамла ба як мактаби эронӣ кушта шудаанд ва теъдоди нерӯҳои амрикоии кушташуда ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст, судҷӯӣ аз ҷанг ояндаи равшане дорад.
Бен ФРИМАН
Ҷанет АБУИЛЁС
Дар бораи муаллифон:
Бен Фриман мудири барномаи демократиза кардани сиёсати хориҷӣ дар Муассисаи Куинси буда ва нависандаи китоби “Мошини ҷангии триллиондолларӣ: чӣ гуна ҳазинаҳои низомии афсоргусехта, Амрикоро ба ҷангҳои хориҷӣ савқ медиҳад ва моро дар дохил варшикаста мекунад” (2025) мебошад.
Ҷанет Абуилёс муҳаққиқи барномаи демократиза кардани сиёсати хориҷӣ дар Муассисаи Куинси ва аз бунёдгузорони Созмони “Занон барои шаффофияти тиҷорати силоҳ” аст.
Манбаъ: Responsible Statecraft




