Бонки Осиёии Рушд дар нақша дорад, ки барои татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тақрибан 1,1 миллиард доллар ҷалб намояд. Дар ин бора Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда пас аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Вай сафари нахустинаш ба Тоҷикистонро дар рушди ҳамкории дуҷониба марҳилаи муҳим арзёбӣ кард.
Вай гуфт, мулоқот бо Президенти Тоҷикистон дар фазои созанда ва самаранок баргузор гардида, зимни он самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи шарикӣ баррасӣ шуданд:
“Таваҷҷуҳи махсус ба Стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026–2030, ки ҳафтаи гузашта тасдиқ гардид, зоҳир карда шуд. Бо мақсади мусоидат ба татбиқи он Бонки Осиёии Рушд нақша дорад тақрибан 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба дастгирии бахшҳои калидии иқтисодиёти мамлакат равона намояд”, — изҳор дошт Президенти БОР.
Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Рушд нақша дорад дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ба таъмини рушди устувор, гуногунсозӣ ва фарогирии иқтисодӣ, ки ба таъсиси ҷойи кори босифат равона шудааст, мусоидат намояд. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори устувору самаранок, такмили низоми идоракунии иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, инчунин беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешаванд.
Президенти Бонки Осиёии Рушд пойбандии устувори Ҳукумати Тоҷикистонро ба рушди бахши хусусӣ баланд арзёбӣ намуд. Мутобиқи Стратегияи нави шарикӣ, Бонк минбаъд низ ташаккули муҳити фаъоли соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва таъсиси ҷойи нави корро ба манфиати рушди устувор ва некуаҳволии аҳолӣ дастгирӣ мекунад.
Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ байни Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон аз соли 1998 идома дошта, доираи васеи самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро фаро мегирад. Тоҷикистон минбаъд низ метавонад ба дастгирии ҳамаҷониба аз ҷониби Бонк такя намояд.




