Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 4 март, Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтаанд.

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардидааст, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии кишвари мо ба шумор рафта, давоми солҳои ҳамкорӣ барои татбиқи зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар саҳм гузоштааст.

Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи нави шарикии Бонк ва Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Таъкид шудааст, ки самтҳои асосии он, аз ҷумла рушди энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими бахшҳои иҷтимоию хусусӣ, ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон комилан тавъам мебошанд.

Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат барои дастгирии буҷети давлатӣ ва пешбурди ташаббусҳо дар самти ташаккули иқтисоди “сабз” ба Бонк изҳори сипос карда шудааст.

Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин замина ҷалби маблағгузории иловагӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ барои рушди сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти экологии минтақа зарур дониста шудааст.

Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, изҳори итминон кардаанд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мусоидати муассир хоҳад кард.