Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ созмон медиҳад.
Вазорат шоми 4-уми март бо нашри як иттилоия гуфт, “тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муваззаф гаштааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором, ба нақша гирад”.
ВКХ гуфтааст, шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва сабти ном ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд.
Дар эълони Вазорат рақамҳои телефони ширкати “Сомон Эйр” ва намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон нашр карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути онҳо муроҷиат кунанд:
Маркази маълумотдиҳии Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”
+992446404049
+992446404050
+992937777459 (ватсап)
+992901115022 (ватсап)
+992901032000 (ватсап)
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Мобилӣ: +989363253147
WhatsApp: +992918818889
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн
Тел: (+966 11) 5120333
WhatsApp: +966563417592
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Тел: +(971)24417950
WhatsApp: +971581531574
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай
Тел: +(971)43945814
WhatsApp: +971585081221
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон
Тел: (+965) 25329896
WhatsApp: +96565762307
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
Тел: +974 44 12 39 06
WhatsApp: +97439902438
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
Тел: +99391827271
WhatsApp: +9269738322
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Тел: +994513484032
WhatsApp: +994 51 348 40 32




