Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, 219 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар ба Ватан баргаштаанд. Ҳамчунин, Тоҷикистон 115 шаҳрванди худро тариқи хатсайри чартерӣ аз шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ватан баргардонидааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба “Азия-Плюс” хабар додаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, 118 нафар тавассути марзи Туркманистон ва 101 тани дигар тариқи марзи Озарбойҷон аз Эрон берун шуда, ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, дар ин ниҳод ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Ховари Миёна вазифадор шудаанд, то тамоми маълумот дар бораи шаҳрвандони кишварро ҳамарӯза ба ин ситод пешниҳод кунанд.
Ахиран сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, дар Эрон ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошта, онҳо асосан барои тиҷорат ва табобату сайёҳат ба ин кишвар рафтаанд. Ба гуфтаи ӯ, то он замон 200 кас дархости ба кишвар баргаштанро карданд.
Ҳамзамон аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додаанд, ки шаби гузашта, 4 ба 5-уми март, Тоҷикистон 115 шаҳрванди худро тариқи хатсайри чартерии ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз шаҳри Абу-Забии Аморати Муттаҳидаи Араб ба Ватан баргардонидааст.
Ёдрас мекунем, шоми 4-уми март Вазорати корҳои хориҷӣ эълон кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ созмон медиҳад. Ин ниҳод изҳор дошт, ки тибқи дастури ҳукумати ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором ба нақша гирад.
Дар эълони Вазорат омадааст, шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои сабти ном ба Сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд:
Маркази маълумотдиҳии Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”
+992446404049
+992446404050
+992937777459 (ватсап)
+992901115022 (ватсап)
+992901032000 (ватсап)
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Мобилӣ: +989363253147
WhatsApp: +992918818889
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн
Тел: (+966 11) 5120333
WhatsApp: +966563417592
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Тел: +(971)24417950
WhatsApp: +971581531574
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай
Тел: +(971)43945814
WhatsApp: +971585081221
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон
Тел: (+965) 25329896
WhatsApp: +96565762307
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
Тел: +974 44 12 39 06
WhatsApp: +97439902438
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
Тел: +99391827271
WhatsApp: +9269738322
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Тел: +994513484032
WhatsApp: +994 51 348 40 32




