Мақомоти Тоҷикистону Русия зимни музокирот дар Душанбе маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар дар музокироти намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Русия ҷиҳати баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират “масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд”.
Дар ин ҳамоиш, ки 19 апрел баргузор гардид, ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко роҳбарӣ намуданд:
“Дар рафти гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт”, — омадааст дар хабар.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни баргузории кори ҷаласа ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин, масъалаи тақвияти ҳамкориҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати барасмиятдарории будубоши муваққатии муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардаанд.
Ҳамзамон, дар ин дидор лоиҳаи як қатор нақшаҳои муштараки ҳамкориро, аз қабили лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаи Созишнома дар бораи реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби амалисозии он, лоиҳаи шартнома дар бораи таъминоти нафақавӣ матраҳ гардидааст:
“Ҷонибҳо қайд намуданд, ки танзими равандҳои муҳоҷират аз масъалаҳое мебошад, ки дар оянда низ мубрам боқӣ мемонад ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият дода мешаванд”, — зикр намудааст манбаъ.
Дар фарҷоми музокирот протокол ба имзо расидааст.