Трамп ҳамлаи Амрико ба Эронро тасдиқ кард

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Амрико Доналд Трамп тасдиқ кард, ки кишвараш алайҳи Эрон “амалиёти размии густурда”-ро оғоз кардааст.

Трамп дар як муроҷиати видеоӣ, ки чанд лаҳза қабл пахш шуд, ҳадафи ҳамла ба Эронро “дифоъ аз мардуми Амрико аз тариқи аз байн бурдани таҳдидҳои қарибулвуқуъ” номид.

“Ҳадафи мо – маҳви таҳдидҳо аз сӯйи Эрон ва ҳимояи мардуми Амрико аст. Онҳо ба Иёлоти Муттаҳида, ҳамсоягони мо, пойгоҳҳои мо дар хориҷ ва муттаҳидони мо дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд”, — гуфт Трамп дар ин мурофиати видеоӣ.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Ню-ЙоркТаймс” хабар додааст, ки дар ҳамла ба Эрон ҳавопаймоҳои Амрико иштирок доранд. Ба навиштаи нашрия, ҳавопаймоҳои амрикоӣ, ки дар пойгоҳҳои Ховари Миёна ва новбарҳо ҷойгир шудаанд, ба Эрон зарба мезананд.

Аз ин қабл хабаргузории “Ройтерз” ба такя ба Вазорати дифои Исроил аз ҳамлаи ин кишвар ба Эрон хабар дода буд.