Ҳамлаи Исроил ба Эрон: се таркиш дар маркази Теҳрон

Shared to Facebook Shared to Max

Вазорати дифои Исроил гуфтааст, ки ин кишвар чанд лаҳза пеш ҳамлаи пешгиронаи мушакие ба Эрон анҷом дод. Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” иттилоъ медиҳад.

Артиши Исроил эълон кардааст, ки дар саросари кишвар бонги хатарро ба садо даровардааст, то “мардумро барои эҳтимоли партоби мушакҳо ба Исроил омода созад”.

Расонаҳои Эрон аз чанд таркиш дар Теҳрон гузориш додаанд. Ба иттилоъи хабаргузории “Форс”, ҳадди ақал, се таркиш дар маркази Теҳрон рух дод. Бино ба гузоришҳои аввалия, якчанд мушак ба хиёбони Донишгоҳ ва Ҷумҳурӣ партоб шудааст.

Мақомоти Эрон ҳоло ин хабарро расман шарҳ надодаанд, аммо расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ навиштаанд, ки “Эрон дар соатҳои наздик ба ин ҳамлаҳо посух мегӯяд”.

Расонаҳои исроилӣ хабар додаанд, ки Исроил фазояшро баста, ба посухи Эрон омода мешавад.

Ироқ ҳам эълон кард, ки фазояшро бастааст.