Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз тавофуқоти Тоҷикистону Қирғизистон роҷеъ ба оташбас ва имзои Протокол оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзӣ истиқбол намудааст. Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия — Раиси амалкунандаи САҲА Анн Линде дар мулоқоти маҷозӣ бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда, тавассути саъй ва музокироти давомдор барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намудааст.
Дар ин мулоқот, ки 1 май баргузор гардид, бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷӣ, масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шудаанд:
“С. Муҳриддин дар бораи даргириҳои охир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла тавофуқот дар мавриди эълони оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти бавуҷудомада аз тариқи гуфтушунид ва бо истифода аз василаҳои сиёсию дипломатӣ маълумот дод”, — омадааст дар хабар.
Таъкид гардидааст, ки роҳбарони ду давлат зимни суҳбати телефонӣ ба мувофиқа расиданд, ки тамоми масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд аз роҳи муколамаи дуҷониба дар фазои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва аз тариқи музокироту машварат ҳаллу фасл шаванд.
Раиси амалкунандаи САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард.
Дар ҳамин ҳол, котиби генералии САҲА Ҳелга Шмид низ созишномаи оташбас миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро “қадам ба самти дуруст” номидааст:
“Вазъият дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон ташвишовар буда, марги одамон фоҷиавист. Созишномаи дирӯза оид ба оташбас — ин қадам ба самти дуруст аст”, — навиштааст вай “Твиттер”.