Нимаи дуюми ин моҳ Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, сафари Токаев ба Тоҷикистон бо даъвати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, нимаи дуюми моҳи майи соли 2021 дар назар аст.
Қабл аз ин хабар дода шуд, ки рӯзи 3 май президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат муколамаи амалиро дар сатҳи олӣ идома додаанд:
“Масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.
Ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор намудаанд.
Дар ҳамин суҳбат Президенти Тоҷикистон аз Роҳбари давлати Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби моҳи майи соли ҷорӣ даъват ба амал овардааст.
Даъвати мазкур аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шудааст.
Айни замон санаи дақиқи сафари Токаев ба Тоҷикистон маълум набуда, ВКХ мегӯяд, “бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд”.
Ин дуввумин суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев дар се рӯзи охир аст. Қаблан, рӯзи 1 май, ҷонибҳо вобаста ба муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат карда буданд.
Зимнан, дар назар аст, ки нимаи дуюми моҳи май Президенти Қирғизистон Содир Жапаров ва нимаи моҳи июн Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.