Тоҷикистон расман сертификатҳои ҳалоли Русияро эътироф намудааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба “Роскачество” иттилоъ медиҳад.
Тибқи маълумоти манбаъ, истеҳсолкунандагони русие, ки маҳсулоташон аз ҷониби “Роскачество – ҳалол” сертификатсия шудааст, акнун метавонанд бидуни гузаштани расмиёти иловагӣ мустақиман ба бозори Тоҷикистон ворид шаванд.
Гуфта мешавад, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо “Тоҷикстандарт” эътирофи расмии сертификатҳои мутобиқати “Ҳалол”-ро, ки аз ҷониби ниҳоди аккредитатсияшудаи Русия дода шудаанд, тасдиқ кардааст.
Дар “Роскачество” гуфтаанд, ин қарор имкон медиҳад маҳсулоте, ки аз расмиёти зарурии сертификатсия гузаштааст, бидуни монеа ба бозори Тоҷикистон ворид гардад. Ҳамзамон, соҳибкорон аз зарурати гирифтани сертификатҳои маҳаллӣ дубора озод мешаванд, ки ин раванди воридоти маҳсулотро содда ва зудтар намуда, хароҷоти молиявӣ ва вақтро коҳиш медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, эътирофи сертификатҳои ҳалол барои содиркунандагони Русия, ки дар бахши маҳсулоти мутобиқ ба меъёрҳои ислом фаъолият мекунанд, имконоти нав фароҳам меорад.
Сертификати “Ҳалол” – ин ҳуҷҷати расмиест, ки мутобиқати маҳсулот, хидматрасонӣ ва раванди истеҳсолотро ба меъёрҳои шариати ислом тасдиқ мекунад. Он нишон медиҳад, ки дар маҳсулот ҷузъҳои ҳаром (гӯшти хук, машрубот, хун) ва иловаҳои мамнӯъ мавҷуд нестанд, инчунин стандартҳои тозагӣ ва бехатариро риоя мекунад.




