Паёми шодбошии Президенти Тоҷикистон
ба ифтихори таҷлили 76 –умин солгарди Ғалаба бар фашизм
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Ҳамватанони азиз!
Фардо 9 –уми май ба пирӯзии бузург бар фашизми гитлерӣ ҳафтоду шаш сол пур мешавад.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми кишвари маҳбубамонро, ки дар набардҳои шадиди ҷабҳаи мубориза мардонавор истодагарӣ карда, дар ақибгоҳ барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзишманд гузоштаанд, самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони тоҷик фазои орому осуда, хонаи обод ва тандурустиву хушбахтӣ орзу менамоям.
Ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра, аз ҷумла мо – сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9 –уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.
Дар ҳақиқат, Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эҳсос мегардад.
Қобили зикр аст, ки ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад.
Бояд гуфт, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар оғози ҷанг аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним миллион нафар буд.
Яъне бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо – қувваи асосии корӣ ба ҷанг рафтанд.
Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон асосан кӯдакон ва занону пиронсолон монда буданд, ки тамоми машаққату маҳрумият ва заҳмату вазниниҳоро бар дӯш доштанд.
Илова бар ин, аз шумораи умумии ба ҷабҳа рафтаҳо қариб 31 фоизашон барнагаштанд.
Сабақҳои талхи мубориза бар зидди фашизм ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки ба хотири пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда дӯстиву ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳоро таҳкиму густариш бахшидан амри зарурӣ ва ҳаётан муҳим аст.
Имрӯз, ки вазъи ҷаҳон бисёр ноором ва торафт мураккабу печида гардида, амнияти мардуми сайёра бар асари таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб ба таври ҷиддӣ халалдор шуда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар байни давлатҳо ва халқҳо ниҳоят муҳим мебошад.
Зеро дар натиҷаи ҷангу низоъҳои мусаллаҳонае, ки баъди ба охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон дар минтақаву кишварҳои гуногуни сайёра рух доданд ва баъзеи онҳо то ҳанӯз идома доранд, шумораи ҳалокшудагон ва зарардидагон аз давраи солҳои 1941 – 1945 гузаштааст.
Мардуми мо, ки бори дуюм ва ин дафъа дар дохили кишвар даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро диданд, ба қадри сулҳ, оромӣ ва суботи сиёсӣ мерасанд.
Ва шукрона мекунанд, ки имрӯз дар Ватани маҳбуби мо сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.
Ҳифзу эҳтиёт кардани ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда мебошад.
Мо бояд наслҳои имрӯзаро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳисси баланди миллӣ, сулҳпарвариву башардӯстӣ ва ободкориву созандагӣ тарбия кунем ва ба камол расонем.
Ҳамчунин, мо бояд бо тамоми халқу миллатҳо ва пеш аз ҳама, бо мардумони минтақа ва ҳамсояҳои наздики худ ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагӣ кунем.
Бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба ифтихори 76 –умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик мегӯям.
Ба ҳар як хонадони мардуми кишвар саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.