20 май Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев мулоқот намудааст.
Ба иттилоъи котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар тамоми арсаҳо баррасӣ шуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, халқҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро анъанаҳои таърихии дӯстӣ, эҳтироми тарафайн ва муносибати бениҳоят хайрхоҳона ба ҳам мепайванданд.
Дар ноил шудан ба чунин сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бузург арзёбӣ шудааст:
“Дар тӯли солҳои истиқлол ҳамкории кишварҳои мо дар тамоми соҳаҳои муҳимтарини ҳаёт босуръат рушд карда истодааст. Чаҳорчӯбаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки зиёда аз 100 санадро дар бар мегирад, тақрибан тамоми ҷанбаҳои ҳамкории моро фарогир аст. Аз ҷумла, Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 1993, Эъломия дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз соли 2000 ва албатта, Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2015 ҳуҷҷатҳои бунёдии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар мебошанд”, — гуфтааст Зокирзода.
Гуфта шудааст, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Парлумони Қазоқистон муносибатҳои самимонаи дӯстонаро дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ ва пеш аз ҳама, дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва Ассамблеяи парламентии СААД густариш медиҳанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи азми минбаъдаашон ҷиҳати таҳким ва ғанӣ гардонидани робитаҳо дар самти башардӯстона, ки ҳоло далели равшани сатҳи баланди алоқаҳои мавҷудаи таърихии маънавию фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон маҳсуб мешаванд, изҳори назар кардаанд.