Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе Татяна Туркан дар ҷаласаи солонаи роҳбарони намояндагиҳо ва ниҳодҳои САҲА, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид, иштирок намуд, хабар додааст маркази матбуоти Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ ва муайян намудани афзалиятҳои калидии фаъолияти САҲА барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, Татяна Туркан дар маросими ифтитоҳи расмии Раёсати САҲА дар соли 2026 ва ҷаласае, ки дар он роҳбарони намояндагиҳои САҲА бо Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис мулоқот анҷом доданд, иштирок намуд.
Дар ҷараёни чорабиниҳо ба масъалаҳои рушди муколамаи созанда, ҳамоҳангсозии фаъолият ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар самти таҳкими амният таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
➡️Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе






