28 январи соли 2026 дар шаҳри Қоҳира мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини Вазир ва директори Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва мисриёни хориҷ аз кишвари Ҷумҳурии Арабии Миср Ёсир Алавӣ баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо роҳҳои татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср, ки 27 январи соли 2026 дар Қоҳира ба имзо расида буд, баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба дар самтҳои табодули таҷриба, тадқиқоти муштараки дипломатӣ ва баргузор намудани давраҳои такмили ихтисос барои кормандони дипломатӣ ҳамчун омилҳои муҳим дар рушди ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон





