ICB: Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони лоиҳаи «Беҳтарсозии тиҷорат дар 60 рӯз»

Shared to Facebook Shared to Max

16 январи соли 2026 дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe маросими ҷоизасупории ғолибони лоиҳаи «Беҳтарсозии тиҷорат дар 60 рӯз», ки дар доираи барномаи «Ҷавонон дар тиҷорат» амалӣ гардид, баргузор шуд, хабар додааст маркази матбуоти бонк.

Иштирокчиёни асосии чорабинӣ:•

●Холгер Вифел — Роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) дар Тоҷикистон

• Мирзосафар Сафаров — Раиси ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB)»

• Карлос Энрике Муньос — Мушовири минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ

• Ҳусниддин Шарафиддинов — Директори МД «Рушд ва дастгирии соҳибкории Тоҷикистон»

• Шоҳхусрав Аюбзода — Сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

• Мустафо Ҷонмамадов — Менеҷери калони барномаи «Машварат барои тиҷорати хурд»-и EBRD дар Тоҷикистон

• Рустам Гулов — Мушовири мустақил оид ба таҳаввули рақамӣ

• Фирӯз Ҳасанов — Сардори шуъбаи тиҷорати электронии ҶСК «Вавилон-М»

Дар муҳокимаи панелӣ ва барномаи чорабинӣ иштирок намуданд:

Азиза Қаюмова (New Era Holding), Дилшода Шодиева (Didido Chef), Рустам Хоҷаев (A1 Project), Фарида Иматшоева (Console Academy), Шер Ҷурабоев.

Модераторон: Манижа Анварӣ, Фирӯз Ҳасанов, Рустам Гулов.Намоиши махсуси мӯд — NEW ERA Holding.

Барномаи ҳунарӣ — гурӯҳи эҷодии ZEBO NO.

Дар ҷараёни маросим беҳтарин иштирокчиёни барнома бо сертификатҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби EBRD ва ICB қадрдонӣ гардиданд:

• Амрулло Азами (Бохтар) — Маркази таълимии касбӣ ва забонҳои хориҷӣ «Қуллаи Ҷавонон»

• Манижа Сафарали (Душанбе) — ширкат дар соҳаи аудити касбӣ ва аутсорсинг

• Абдусалом Тохиров (Хоруғ) — қаҳвахонаи «Дурахш»• Фаридун Хусейнов (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) — Solar Energy Shop

• Мирҳомид Бобоев (Хуҷанд) — муассисаи хусусии «Илм ва техника» (маҷалла)

Лоиҳа баҳри дастгирии соҳибкорони ҷавон, рушди малакаҳои идоракунӣ, молиявӣ ва рақамӣ, инчунин ҷорӣ намудани равишҳои муосири тиҷорат равона шуда буд. Дар давоми шаш моҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар мастер-классҳои омӯзишӣ бо иштироки 164 соҳибкор баргузор гардиданд. Марҳилаи ниҳоӣ барномаи акселератсионии 60-рӯза бо машваратҳои инфиродии коршиносон буд.

Лоиҳа бо ташаббуси Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) ва Business and Finance Consulting (BFC) бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария (Swiss Cooperation – Tajikistan) амалӣ гардид.

ICB аҳамияти сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва нақши калидии ҷавононро дар рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон таъкид менамояд.

➡️ ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон https://icb.tj