Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия

Shared to Facebook Shared to Max

28 январи соли 2026 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот анҷом дод, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои мавҷудаи байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, бахусус дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин баргузории ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории байнисоҳавиро таъкид намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон