Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии аввалинро дар Ҷоми футзали Осиё-2026, ки дар Индонезия идома дорад, анҷом дод, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар оғози мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳисоби бозиро бо тими Узбекистон мусовӣ намуд. Бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Дар даври дуюм- 30 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Ҷопон рақобат менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон




