Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 июн роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, Ёрдамчии Президент – Котиби шӯрои амнияти Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Иманкулов, Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуф Моид, Котиби шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев, Котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Муовини котиби шӯрои амнияти Ӯзбекистон Бобур Усманов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Fиёсов иштирок кардаанд.
Президент таъкид доштаанд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нишасти сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзо аҳамияти калон медиҳад.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад.
Дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти боэътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ва вобаста ба вазъи пандемияи коронавирус, масъалаҳои амнияти биологӣ ва озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.
Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои ташвишовари шиддат гирифтани он мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор доштааст.
Сарвари давлат ба иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барори кор орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои мулоқоти онҳо дар марҳилаи муҳими омодагӣ ба Саммити Душанбе дар соли 2021 пурсамар хоҳанд буд ва барои пешрафти масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хидмат хоҳанд кард.