Мулоқоти Идибек Қаландар бо Ҷон Сонг Шик

Shared to Facebook Shared to Max

27 январи соли 2026 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот анҷом дод, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо оид ба вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ табодули афкор намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар ҳошияи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон