26 январ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни нишасти матбуотӣ хабарнигоронро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва нақшаҳо барои давраи ҷорӣ ошно намуд.
Зикр гардид, ки соли гузашта ноҳияи Мастчоҳ дар самтҳои асосии рушд ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Иҷрои буҷети ноҳия таъмин гардида, маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сари вақт амалӣ карда шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 410 миллион сомониро ташкил дод. Дар соҳаи кишоварзӣ низ нишондиҳандаҳои мусбат ба қайд гирифта шуд. Дар масоҳати зиёда аз 27 ҳазор гектар корҳои кишт анҷом дода шуда, истеҳсоли зироатҳои ғалладона, пахта, картошка ва сабзавот афзоиш ёфт.
Дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор зиёда аз 40 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва азнавсозӣ карда шуданд. Дар бахшҳои маориф ва тандурустӣ як қатор тадбирҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ амалӣ гардиданд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузории чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин ҷашн баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дар назар аст.
Мавзуна Ниёзова, хабарнигори «ИмрӯзNews» дар Хуҷанд




