Дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Манучеҳр Ҷобир бо Президенти Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (АП САҲА) Пере Хуан Понс Сампетро доир гардид, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон




