Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук

Shared to Facebook Shared to Max

22 январи соли 2026 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 34 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар додааст Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар чорабинии тантанавӣ таъкид гардид, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 34 соли фаъолият мутобиқ ба талаботи замони муосир пайваста такмил меёбад.

Зимни чорабинӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Хуршед Каримзода иброз дошт, ки имрӯз мақомоти гумрук ба фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии мамлакат ва таъмини амнияти иқтисодию тиҷоратӣ табдил ёфтааст.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук дорои заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ буда, мақомоти гумрук дар татбиқи барномаҳои давлатии рушд нақши муҳим мебозад.

Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ кормандони фаъоли мақомоти гумрук барои хизмати софдилона бо нишону ифтихорномаҳо ва рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон