Сафири Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Малайзия мулоқот намуд

Shared to Facebook Shared to Max

21 январи соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир – Вазири интиқоли энергетика ва таҳавули оби Малайзия Дато Сри Ҳоҷи Фадиллаҳ ибни Ҳоҷи Юсуф мулоқоти судманд анҷом дод, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзияро дар бахшҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, тиҷоратӣ сармоягузорӣ ва обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, мавзуи таъмини иштироки ҳайати малайзиягӣ дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки баргузории он рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, матраҳ гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати таҳкими равобити тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар густариш ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, фароҳам овардани имкониятҳои сармоягузорӣ ва дастгирии корхонаҳои муштарак дар бахшҳои муҳими саноат зоҳир гардид.