Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон

Shared to Facebook Shared to Max

15-уми январи соли 2026 дар меҳмонхонаи «Кангурт»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон баргузор гардид, ки дар он Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва дигар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд, хабар додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни сухани муқаддимавӣ таъкид гардид, ки ҳадафи асосии комиссия ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо, паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ ва бартараф намудани омилҳои монеъ дар самти муқовимат ба савдои одамон мебошад.

Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён ҷиҳати такмили фаъолияти комиссия ва ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтар таклифу пешниҳодҳои судманд ироа карданд.