Имрӯз, 19 январ, соати 11:21 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад, хабар додааст Хадамоти геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Маркази заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон дар километри 526-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 259-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шуд.
Қувваи заминларза дар марказаш 6–7 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дода, шиддати заминларза М=5,9 ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон ягон харобӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, хадамоти дахлдор назорати вазъи сейсмикиро идома медиҳанд.




