Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 14 июл дар ҳошияи нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ — Афғонистон дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мулоқот кард:
“Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои тавсеа ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф изҳори назар карданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.