12 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Николаус Маршик мулоқот намуд, хабар дрдааст Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрияро дар шакли дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор доданд.




