Рӯзҳои 13-14 июл дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (ШВКХ СҲШ) баргузор гардид.
Бино ба гузориши ВКХ Тоҷикистон, дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол табодули афкор намуда, вазифаҳои вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориро дар чаҳорчӯбаи Созмон муҳокима карданд. Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки СҲШ бо такя ба “рӯҳи Шанхай” дар тӯли ду даҳсола ҷойгоҳи худро ҳамчун созмони бонуфузи байнидавлатии намуди нав ва иштирокчии бонуфузи низоми муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Вазирон ба мувофиқа расидаанд, ки корҳои муштарак дар самти пешбурди рӯзафзуни ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи гуногунҷабҳаи СҲШ ба таҳкими рушди Созмон ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он мусоидат мекунанд.
Дар ҷараёни ҷаласа зикр карда шудааст, ки мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ то имрӯз зиёда аз 50 чорабинии механизмҳои гуногуни ҳамкории СҲШ, аз ҷумла 7 чорабинӣ дар сатҳи вазоратҳо баргузор шуданд.
Дар ин замина вазирон омодагии худро барои то моҳи сентябр дар сатҳи баланд ва пурмазмун баргузор намудани боз тақрибан 30 чорабинии дигари мақомоти СҲШ, ба шумули 12 чорабинӣ дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳо иброз намудаанд.
Роҳбарони ҳайатҳо иброз доштаанд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар Душанбе риояи тамоми талаботи зиддиэпидемиологӣ ниҳоят муҳим аст.
Ҷониби Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тибқи қарори Кумитаи тадорукот, ҳамаи шахсоне, ки ба корҳои муқаддамотии омодасозии баргузории ҳамоиш ҷалб шудаанд, бидуни истисно, эм карда шудаанд ва ё ҳоло эм карда мешаванд.
Дар ҷараёни ҷаласа вазирон таъкид кардаанд, ки рушди устувор дар фазои СҲШ бидуни таъмини сатҳи муносиби амниятӣ ғайриимкон аст. Қарори ШВКХ дар бораи ба саммити Душанбе пешниҳод намудани Барномаи таҷдидшудаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм барои солҳои 2022-2024 ба имзо расидааст.
ШВКХ СҲШ ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз дурнамои бад шудани вазъ дар ин кишвар дар натиҷаи ихроҷи неруҳои эътилоф изҳори нигаронии амиқ карда шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои минбаъд амиқтар намудани ҳамкориро дар соҳаи иқтисодиёт муҳокима карданд. Вазирон нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои рафъи оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияи COVID-19 ҳамчун асос қабул карданд.
Самти фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар маркази диққати вазирон будааст.
Низомнома дар бораи гимни СҲШ, ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад, бори аввал дар таърихи Созмон мувофиқа карда шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими мавқеъгирии СҲШ дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Таҳким ёфтани нуфузи СҲШ дар арсаи хориҷӣ зикр карда шуда ва масъалаҳои ҳамкории Созмон бо СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он баррасӣ шудаанд. Вазирон аз қабули қатънома дар бораи “Ҳамкории СММ ва СҲШ” дар ҷараёни 75-умин Ассамблеяи Генералии СММ истиқбол кардаанд.
Аъзои Шӯро оид ба васеъ кардани таркиби мақоми шарики муколамаи СҲШ мубодилаи афкор намуданд. Қарорҳои ШВКХ дар бораи додани ин мақом ба Арабистони Саудӣ ва Миср имзо шудаанд, ки барои тасдиқ ба Шӯрои сарони давлатҳо пешниҳод хоҳанд шуд.
Вазирон ҳисоботро дар бораи фаъолияти котиботи СҲШ дар соли гузашта ва лоиҳаи Маърӯзаи дабири кулли СҲШ-ро дар бораи фаъолияти Созмон дар давраи ҳисоботӣ тасдиқ кардаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ изҳори боварӣ кардаанд, ки натиҷаҳои он дар таҳкими минбаъдаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ, ваҳдат, эътимоди тарафайн ва ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳои узви СҲШ саҳми сазовор мегузоранд.