Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 15 июл дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” бо Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл ва Намояндаи махсуси ИМА барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот кардааст:
“Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, мубориза бо COVID-19, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, муқовимат бо терроризми байналмилалию ифротгароӣ ва вазъи амниятӣ дар Афғонистон табодули афкор намуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки аз ин қабл, 1 июли имсол, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен дар Вашингтон баррасӣ шуда буд. Худи ҳамон рӯз дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Амрико даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар баргузор шуд.