«Тоҷикстандарт»: «Дар марҳилаи муайяншуда аз маҳсулоти NAN-и ширкати «Nestle» истифода набаред!»

Shared to Facebook Shared to Max

Агентии «Тоҷикстандарт» ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон мерасонад, ки аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи барорише, ки дар рӯйхати зер ба тариқи расм нишон дода шудааст, истифода набаранд ва онҳое, ки аллакай харидаанд, онро баргардонанд.

Тавре Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, бинобар мутобиқат накардани маҳсулоти мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дархости ширкати воридоткунанда фурӯш ва истеъмоли марҳилаи маҳсулоти гуфташуда фавран қатъ карда шуда, аз муомилот гирифта мешавад.

Дар робита ба ин масъала кормандони Нозироти савдои агентӣ бо намояндагони ширкати воридоткунандаи ин маҳсулот корбариро оғоз намудаанд. Аз натиҷаи он агентӣ рӯзҳои наздик гузориш медиҳад.

АКС:Агентии «Тоҷикстандарт»

https://egov.tj/site/standard-tjk