8 январи соли 2026 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Содиқ Имомӣ бо волии шаҳри Анқара Васип Шоҳин мулоқот анҷом дод, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҳамкориро баррасӣ намуда, оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Анқара табодули назар карданд.





