Мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

31 декабри соли 2025 мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.