Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд, хабар додааст Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Завқӣ Завқизода ва Марко Рубио масоили густариши ҳамкории дуҷонибаро байни Тоҷикистону Амрико баррасӣ намуданд.




