Имрӯз, 10 август, машқҳои низомии Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон, наздикии марз бо Афғонистон, ба анҷом мерасад.
Машқҳои низомӣ 1 август оғоз шуда буданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар марҳилаи хотимавии машқҳо вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо, муовини аввали вазири мудофиа — сардори Ситоди куллии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳамедов ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин иштирок мекунанд.
Ба ин машқҳои 10-рӯза беш аз 2,5 ҳазор сарбозону афсарони артишҳои се давлат, 500 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва тӯпҳо (артиллерия), 25 ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ҷараёни тамринҳо низомиён омодагиро ба гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби гурӯҳи муштараки нирӯҳо барои шикаст додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, мавриди санҷишу амал ва таҷриба қарор доданд.
Имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи се давлат маҳв кардани гурӯҳҳои тундгарои террористиро ҳангоми убури сарҳади давлатӣ машқ мекунанд.