Сафири ҳамакнун собиқи Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба муносибати анҷоми маъмурияти дипломатияш дар Русия бо вазири корҳои хориҷии он кишвар Сергей Лавров дидору мулоқот кардааст:
“Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла сафари расмии дарпешистодаи президенти Русия ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД-ро дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар дод котиботи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Сергей Лавров зимни суҳбат ба Имомуддин Сатторов барои касбияти баланд ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқи Русияву Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.
Имомуддин Сатторов дар навбати худ ба Сергей Лавров барои дастгирии ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия, ки ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамёрии стратегӣ, инчунин татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд бадастомада мусоидат кардааст, изҳори миннатдорӣ намудааст.
Ёдрас мекунем, бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Имомуддин Сатторов аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия барканор ва ба ҷойи ӯ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ки то ин вақт муовини сарвазир буд, таъин шуд.