Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суҳбати телефонӣ бо Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, вазъ дар Афғонистон ва тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳаро баррасӣ кардааст.
Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат, ки 21 август баргузор шуд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи он иброз доштанд:
“Ҳамсуҳбатон махсусан таъкид карданд, ки ба зарурати таҳкими сарҳад ва иқтидори мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи бештар дода шавад”, — омадааст дар хабар.
Вазирон ҳамчунин дар робита ба вазъ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намудаанд:
“Бо дарназардошти авзои ноором ва мураккаби ҳарбию сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя ва марзи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ҷонибҳо аҳаммияти таҳкиму тавсеаи ҳамкориро барои андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир қайд намуданд”, — хабар дод манбаъ.
Вазирони корҳои хориҷӣ оид ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа, тамосҳои доимӣ ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар қолабҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ гуфтугӯ кардаанд.