23 август таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия президентҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, сарвазири Арманистон ва Дабири кулли СААД ширкат варзиданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосия ба ҳайси давлати даъватшуда иштирок кард.
Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия кишварҳои узв якбора бад шудани вазъ дар Афғонистонро бо нигаронӣ зикр намудаанд:
“Онҳо аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд”, — хабар дод манбаъ.
Дар ҷараёни иҷлосия зикр карда шудааст, ки режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Бо дарназардошти ҳузури афзояндаи ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки ин кишварро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва ғасби иҷбории худ истифода мебаранд, кишварҳои узви СААД аҳд намудаанд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.
Барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, тавофуқ ҳосил шудааст.
Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ба мувофиқа расидаанд, ки табодули афкор дар бораи вазъият дар Афғонистон 16 сентябр дар Душанбе дар нишасти қарибулвуқӯи СААД идома ёбад.