Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ниҳодҳои калидии Ҷопон

Shared to Facebook

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо роҳбарони як қатор ниҳодҳои муҳими Ҷопон мулоқот анҷом доданд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар чаҳорчӯби ҶАЙКА таъкид гардида, ба рушди лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Аз имзои ду созишномаи нави грантӣ, ҷалби сармояи мустақими ҷопонӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзноки иенӣ, рушди энергетикаи “сабз” ва тавсеаи Барномаи “JDS” истиқбол карда шуд.

Ҳамчунин, дар мулоқот бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати нассоҷӣ, энергетика, зеҳни сунъӣ, дорусозӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ гардид.

Дар вохӯрии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, татбиқи технологияҳои “сабз” ва ҷалби сармоя ва технологияҳои нав зоҳир карда шуд.

Ин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори муштарак мусоидат хоҳанд намуд.