Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Global Gateway ният дорад ташаббусҳои бузургро ҷиҳати рушди иқтисоди «сабз» ва гузариши рақамӣ дар Тоҷикистон амалӣ намояд. Дар ин бора «Голос Центральной Азии» бо истинод ба АМИ Trend хабар медиҳад.
Ба иттилои намояндаи Комиссияи Аврупо, ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ чор самти асосии афзалиятнокро дар бар мегирад: об ва энергетика, иқлим, нақлиёт, пайвастагии рақамӣ ва ашёи хоми муҳим.
Қайд мегардад, ки бахшҳои обу энергетика самтҳои калидии ҳамкорӣ боқӣ мемонанд. Дар доираи ташаббуси Team Europe Иттиҳоди Аврупо ислоҳоти соҳавӣ ва сармоягузориҳоро дар бахшҳои об ва энергетика, аз ҷумла дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун дастгирӣ мекунад.
Ҳамзамон, ташаббусҳои рақамӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани истгоҳҳои заминии моҳворавӣ барои беҳтар кардани дастрасии интернет дар минтақаҳои дурдаст, дар назар аст. Интизор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз ин дастгирӣ баҳраманд гардад. ▶️Голос Центральной Азии
Гулнора Раҳимова /БОКУ /Trend/





