Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон, кумак дар таҳким ва ҳимояи марз ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҷумлаи мавзӯъоте буданд, ки зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас баррасӣ шуданд.
Ин мулоқот рӯзи 30 август дар Душанбе баргузор гардида, бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд:
“Вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ байни ҷонибҳо буд”.
Президенти Тоҷикистон бори дигар роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, назари кишвари моро ба ҳолати кунунӣ ва паёмадҳои он ироа намудаанд.
Сарвари давлат зикр кардаанд, ки яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ин таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ мебошад.
Президенти Тоҷикистон бо такя ба нақши СММ таъкид кардаанд, ки таҳти сарпарастии ин Созмон ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули Ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои лозим андешида шаванд.
Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, “дар ин ҳолати ниҳоят мушкил, кишварҳои қудратманд бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои истиқрори вазъ дар ҳамсоякишвар кушиш ба харҷ диҳанд, дар акси ҳол, Афғонистон метавонад ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ кашида шавад”.
Президенти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки бо дарназардошти буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ба мардуми Афғонистон мусоидати ҳаматарафаи мақсаднок расонида шавад.
Ҳамзамон ба расонидани кумак дар таҳким ва ҳимояи марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Олмон ва ҷомеаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда, омодагии хешро барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ изҳор доштаанд.
Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон дар муътадил намудани вазъ тавассути гуфтушунидҳо ва таъсиси ҳукумати фарогир мусоидат намуданро иброз намудааст.