Рӯзи 5-уми декабр дар бинои Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳо, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ, инчунин собиқадорону аъзои оилаҳои кормандони зимни адои хизмат ҳалокгардидаи ВТМ ва дигар меҳмонон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ, чорабинии тантанавиро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Воҳидҳои таъиноти махсусро бо 30-мин солгарди таъсисёбиии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, осоиштагии зиндагӣ ва дар ҷодаи кору фаъолият барору комёбиҳо орзу намуд.
Генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамчунин аз хизматҳои арзандаи кормандони ин ниҳод дар замони нобасомониҳо ёдовар шуд: «Ин ниҳод замоне таъсис ёфт ки кулли ҷомеа ва Ватани маҳбуби моро фазои нооромиву бесарусомонӣ фаро гирифта буд. Бо дар назардошти вазъияти ба амаломада ва бо мақсади барҳам задани ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ 5 –уми декабри соли 1995 Дастьаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД таъсис ёфта, баъдан ба Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД табдил дода шуд. Ба ҳайати он ҷавонони ҷасуру далер, чустучолок ва руҳан обутоб ёфта, ҷалб гардиданд. Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар набарду муборизаҳои вазнин матонату мардонагӣ нишон дода, аз имтиҳони сангин гузашта, малакаи касбии худро такмил дода, имрӯз ба яке аз ниҳодҳои боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишвар табдил ёфтааст».
Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар идомаи суханронӣ қайд кард, ки боиси ифтихор ва сарфарозист ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон аз заҳмат ва корнамоиҳои кормандони ин ниҳод дар таъмини суботу оромӣ мубориза бо гурӯҳҳои муташаккил ва ҷинояткор ёдовар мешаванд.
Ҳамзамон аз хизмати шуҷоъатмандона ва содиқонаи онҳо қадрдонӣ менамоянд.Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин қайд кард: «Гарчанде аз таъсисёбии РВТМ ВКД солҳои зиёде нагузашта бошад ҳам, ин ниҳод дар тули фаъолияташ собит намудааст, ки хизматчиёни он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омодаанд, ки барои ҳифзи Ватани аҷдодиашон ҷони худро нисор намоянд . Дарки баланди ватандӯстӣ , эҳтиром ва давлату миллат буд, ки кормандони РВТМ ВКД дар муборизаи сангин дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок карда, шуҷоъатмандӣ мардонагии худро собит сохтанд».Рамазон Раҳимзода дар фароварди баромад, итминони боварӣ кард, ки кормандони ниҳоди болозикр мимнбаъд низ барои таъмини амният в суботи ҷомеа софдилона ва содиқона фаъолияи худро давом хоҳанд дод.
Ҳамзамон дар ин чорабинии тантанавӣ собиқадори ин ниҳод полковники мустъафӣ Носир Шокиров ва кормандони ҷавон лейтенанти милитсияи Муҳаммад Комилзода баромад карда, аз дасттгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ВКД изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки то охирин лаҳзаҳои ҳаёт ба савганди худ содиқ монда ба халқу миллат хизмат хоҳанд кард.
Дар идомаи ин чорабинии тантанавӣ бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ 246 кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД барои хизмати софдилонаю содиқона ва ба муносибати ҷашни касбиашон бо медалу нишонҳои сарисинагии ВКД, Ифтихорномаю Раҳматнома ва Сипосномаи ВКД, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Идомабахши ин чорабинӣ машқҳои тактикии аз ҷониби кормандон ва ҳайати шахсии ин ниҳод гардид, ки дар он аз ҷумла барои «Безараргардонии гурӯҳҳои террористон ва озод намудани гаравгон дар бинои баландошёна», «Безараргардонии гурӯҳҳои ҷинояткор дар бинои истиқоматӣ» ва «Безараргардонии гурӯҳҳои террористон дар нақлиёт ва безараргардонидани маводи таркандаи худсоз дар нақлиёт» манзури ҳозирин гардонида шуд.












