Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии САҲА

Shared to Facebook

4 декабри 2025 дар шаҳри Вена, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 32-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар суханронии хеш вазири корҳои хориҷӣ авлавиятҳои Тоҷикистонро дар се ченаки ҳамкорӣ бо САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ муаррифӣ намуд.

Роҳбари мақоми сиёсати хориҷӣ бо ишора ба воқеаҳои нохуше, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҳафтаи гузашта рух дода буданд, ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои иштирокдори Созмон баҳри вокуниш ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир таъкид кард.

Дар фарҷоми суханронӣ С. Муҳриддин омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он ба мақсади пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таъмини роҳандозии ҳадафҳои Созмон дар кулли минтақаи он иброз дошт.