Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон байни ҳарду кишвар имзои беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора рӯзи якшанбе Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ба маълумоти манбаъ, бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 15 сентябр Президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ташриф меорад.
Дар ҷараёни сафар мулоқоти хоссаи президентҳои Тоҷикистону Русия ва музокирот дар ҳайати васеъ баргузор мегардад.
Ҳамчунин, президентҳои ҳарду кишвар ба таври маҷозӣ дар маросими гузоштани санги асосӣ панҷ мактаб бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода ширкат меварзанд:
“Дар поёни музокирот ба имзо расонидани Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, инчунин, беш аз бист санади нав ба нақша гирифта шудааст”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.