Дар Помир нуқтаи гирифтани фармоишоти Wildberries фаъол гардид

Shared to Facebook

Баландтарин нуқтаи тақсими фармоишоти маркетплейси Wildberries фаъолияти худро дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон, дар кӯҳҳои Помир оғоз намуд, хабар медиҳад ТАСС.

Нуқтаи тақсими фармоишот дар баландии 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти ширкати муттаҳидшудаи Wildberries & Russ ба ТАСС хабар додаанд:

«Ширкати муттаҳидшудаи Wildberries ва Russ нуқтаи шариконаи гирифтани фармоишоти Wildberries-ро дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон кушод. Ин аввалин нуқтаи Wildberries дар Помир (системаи кӯҳие дар ҷануби Осиёи Марказӣ) ва баландтарин нуқтаи гирифтани фармоишоти Wildberries дар ҷаҳон мебошад — он дар баландии тақрибан 2,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст», — омадааст дар иттилоия.

Дар чунин баландӣ ҳеҷ як маркетплейси русиягӣ нуқтаи шахсии гирифтани фармоишотро надорад, таъкид намуданд дар хадамоти матбуотӣ.

Нуқтаи нави Wildberries имкон медиҳад, ки ба ҳафт ноҳияи Хоруғ, чор шаҳрак ва беш аз 40 деҳаи атроф хизмат расонида шавад. Тақрибан 180 ҳазор сокини минтақа ба доираи васеи молҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, ки қаблан бинобар дар минтақаи кӯҳӣ ва дурдаст қарор доштани ноҳияи мазкур, расонидани фармоишот хеле душвор буд.

Ба гуфтаи хадамоти матбуотии РВБ, расонидани молҳо ба нуқтаи тақсими фармоишоти Хоруғ ройгон хоҳад буд ва мӯҳлати миёна дастраскунӣ ҳафт то ҳашт рӯз-ро ташкил медиҳад. Аввал молҳо бо нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистон оварда мешаванд, сипас бо нақлиёти автомобилӣ то нуқтаи тақсими фармоишот расонида мешаванд.