Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд иштирок дорад, иттилоъ додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рӯзи аввал, ҷаласа аз ҷониби Президенти иҷлоси 42-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ифтитоҳ гардида, дар оғози он Мудири кулли ЮНЕСКО ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайси мизбон суханронӣ карданд.
Дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд.
Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 30 октябри соли 2025 оғоз гардида, то 13 ноябри соли 2025 идома хоҳад ёфт.






