Машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои СААД оғоз гардиданд

Shared to Facebook

20 октябр дар тамрингоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон маросими ифтитоҳи машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2025» ва тамринҳои махсуси ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва ёрии тиббии ин Созмон «Монеа-2025» баргузор гардиданд, иттилоъ додааст маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ифтитоҳи машқҳо сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов, сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Андрей Сердюков, намояндагони неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Беларус иштирок намуданд.

Зимни машқҳо вобаста ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкорию ҳамгироии Ҳукумати мамлакат бо кишварҳои шарику ҳампаймон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ сухан гуфта шуд.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ- муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода иброз намуд, ки муқовимати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба таҳдиду буҳронҳои гуногун бо назардошти таҳаввулот ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо қарор дорад.

Сарони кишварҳои ин созмон барои рушди неру ва тавонмандии низоми амнияти дастҷамъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Таъкид гардид, ки машқҳои дарпешистода ба такмили касбияти ҳайати шахсӣ дар омодагӣ ва гузаронидани амалиёти сулҳҷӯёна, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии саҳроӣ ва ҳамоҳангии контингентҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Чорабинӣ бо гузашти низомии ҳайати шахсии иштирокчиён дар пойгоҳи баргузории машқҳои муштарак ба анҷом расид.

Дар чаҳорчӯби машқҳои навбатӣ бори аввал тамринҳои махсус бо иштироки ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббӣ доир мегардад, ки ҳадафи аслии он таъмини амнияти биологӣ мебошад.

Ба тамринҳои «Бародарии шикастнопазир-2025» ва «Монеа-2025» аз контингентҳои низомии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Беларус зиёда аз 1500 нафар афсарону сарбозон, беш аз 200 техникаи ҳарбӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб гардидаанд.

Марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шакли омехта бо марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» баргузор карда мешаванд.

https://mort.tj