Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо роҳбарият ва аъзои Сенати Парламенти Қазоқистон масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи парламентҳо, равобити байни кишварҳо ва вазъи мураккабу хатарзо дар Афғонистонро баррасӣ кардааст.
Ёдрас мекунем, ки Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 23 сентябр бо сафари расмӣ ба Қазоқистон рафт.
Бино ба гузориши котиботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, рӯзи гузашта музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон доир гардида, зимни он масъалаҳои рушду тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ шуданд:
“Дар ҷараёни мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарламентӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуд”, — омадааст дар хабар.
Таъкид гардидааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Парламенти Қазоқистон дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҷонибдори боз ҳам фаъол гардонидани ин робитаҳо мебошад.
Рустами Эмомалӣ саъю талоши бисёрсола ва нақши муассири роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистону Қазоқистонро дар самти таҳкиму густариши муносибатҳои ҳасана ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории дуҷониба басо муҳим арзёбӣ намудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиву техникӣ табодули андеша кардаанд.
Новобаста аз вазъи мураккаби эпидемиологӣ ҳаҷми гардиши мол дар байни ду кишвар соли 2020 ба нишондиҳандаи як миллиард доллари ИМА наздик шуда, соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб сад миллион доллар афзудааст.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз тамоюли мусбати рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштааст, ки дар ин самт иқтидору захираҳои ду кишвар ҳанӯз пурра мавриди истифода қарор дода нашудаанд.
Дар баробари ин, ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди сайёҳӣ, маориф ва дигар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ изҳор карда шудааст:
“Зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, зикр карда шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон, қабл аз ҳама, таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд”.
Дар поёни гуфтушуниди ҳайатҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии нек изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал овардааст.
Пас аз мулоқоти ҳайатҳо ҷонибҳо Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистонро имзо кардаанд.
Ба маълумоти котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон, тибқи созишномаи баимзорасида дар қатори дигар масоили ҳамкорӣ бо мақсади тавсеаи муносибатҳои байнипарламентии палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъсиси Комиссияи доимоамалкунанда пешбинӣ гардидааст.
То ин вақт робитаҳои парламентӣ ва байнипарламентии Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон аз тарафи гурӯҳҳои дӯстӣ амалӣ карда мешаванд. Ба гуфтаи масъулин, “таъсиси мақоми нави корӣ ба тақвияту густариши батадриҷи ин муносибатҳо мусоидат мекунад”.
Зимнан, сафари Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон идома дошта, дар назар аст, ки вай ҳамчунин, бо Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон Нурлан Нигматуллин ва дигар масъулони воломақоми ин кишвар мулоқот намуда, ҳамзамон дар як қатор чорабиниҳои дигар ширкат меварзад.